МАҚСАДИ САФАР БА АРАБИСТОН ТАНҲО ТАЪМИНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БО
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абўбакр). — Муаррифинома Девонаев Сафиало Азизулоевич соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1983-1985 дар истеҳсолот кор кардааст. Солҳои 1985-1990 дар кори комсомолӣ ба ҳайси инструктори Кумитаи Марказии ИЧЛКШ (ВЛКСМ) ифои вазифа намудааст. Соли 1990 бо роҳхати бюрои Кумитаи Марказии партияи коммунистии Тоҷикистон ба Вазорати корхои дохилӣ ба кор омадааст. Соли 1990 курси олии Мактаби милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шўравиро дар ш. Саратов ва соли 2001 Академияи Роҳбарикунандаи ВКД Федератсияи Россияро ба итмом расонидааст. Ў дар вазифаҳои сардори шўъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Ёвон, Хоҷамастон, шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда, аз соли 2005 то 2008 Намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия буд. Аз моҳи июни соли 2008 сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо супориши Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт корҳои назаррасе амалӣ гашта истодааст. Гуфтанист, ки тайи солҳои охир рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои араб ба таври назаррас инкишоф меёбанд. Бахусус, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, мунтазам густариш меёбанд. Далели ин сафари ҳайатҳои Арабистони Саудӣ соли 2008 бо роҳбарии Саъд Наҳор Ал-Бадаҳ ва 21-23 майи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Шӯрои палатаи Арабистони Саудӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ар-Риёз Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ мебошад, ки дар доираи он мулоқоти соҳибкорони тоҷику саудӣ баргузор гардида, як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид. Мавриди ёдоварист, ки як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти боломақоми ин кишвар, бахусус муовини дуюми раиси Шӯрои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз ва вазири корҳоии хориҷӣ Амир Сауд ал-Фаусал моҳи майи соли равон баррасӣ гардид. Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шўрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуда буд, дар доираи сафари гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ аз 24-уми август то 2-юми сентябри соли ҷорӣ бо роҳбарии сардори Хадамот Сафиало Азизулоевич Девонаев дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд. Роҷеъ ба аҳамияти ин Ёддошти тафоҳум ва натиҷаҳои сафари ҳайати кории Хадамоти муҳоҷират, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.Девонаев изҳори андеша намуд. Мӯҳтарам Сафиало Азизулоевич, мехостам нахуст ҳадаф ва аҳамияти ҳамин Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шўрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудиро шарҳ медодед? Тавре маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳими имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Қариб дар тамоми сафарҳои Президенти кишвар ба давлатҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар сатҳи роҳбарони олии ҳарду кишвар ин ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки бевосита ба паст кардани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад ва таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҷойҳои кори хуб дар хориҷи кишвар мебошад. Заминаи ба имзо расидани ҳамин Ёддошти тафоҳум низ саъю кӯшишҳои бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба Арабистони Саудӣ ва мулоқотҳояшон бо роҳбарият ва ҳайатҳои воломақоми ин кишвар аст. Пас аз ташрифи ҳайати гурўҳи намояндагони Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шўрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ оид ба таъмин намудани ҷойҳои корӣ бо роҳбарии Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ моҳи июни соли 2008 ба шаҳри Душанбе барои омўзиши бозори меҳнат ва ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ масъалаи ба имзо расидани чунин санад ба миён омад. Баъди омӯзишҳои якчандкаратаи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарту шароити кор ва зисту зиндагонии муҳоҷирон дар Арабистони Саудӣ мо дар ҳайати гурўҳи корӣ озими шаҳри Ар-риёзи Арабистони Саудӣ гаштем, ки дар ин сафар Ёддошти тафоҳум ҷиҳати фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Мамлакати Арабистони Саудӣ ба имзо расид. Ҳадафи ин санад таъмини шаҳрвандони ҶТ дар Арабистони Саудӣ бо ҷойи кори шарту шароити хубдошта ва густариш додани равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат аст. Аҳамияти муҳими ин санад дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аксаран мусулмон ҳастанд дар кишвари араб бо шароити нисбатан мутобиқ фаъолият карда, дар баробари ин аз бартариҳои дини мубини ислом огоҳ мегарданд, ки ин бевосита ба сатҳи шуурнокии эшон таъсири мусбат мегузорад. Ҳангоми таҳия ва баррасии Ёддошти тафоҳум кадом бартариҳо ва хусусиятҳо ба инобат гирифта шуданд? Бо назардошти аҳамияти омўзиши урфу одатҳо ва анъанаҳои миллии саудӣ барои муҳоҷирони меҳнатие, ки бо мақсади кор ба Мамлакати Арабистони Саудӣ мераванд, ҳайати Комиссияи Саудӣ масъалаи ташкил намудани курсҳои таълими забон ва урфу одати мардуми арабро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур дониста, ташкили курсҳои махсусро ба зимма гирифт. Ҳамзамон, ба масъалаҳои даъвати муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмин намудан бо ҷойи кор ва муҳайё сохтани шароити иҷтимоиву ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин мамлакат диққати махсус дода шуд. Мушаххасан мегуфтед, ки мақсади сафар аз чӣ иборат буд? Мақсади сафар танҳо аз омўзиши бозори меҳнат ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Арабистони Саудӣ иборат буд. Бо дарназардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар кишварҳо бо сабаби набастани шартномаи корӣ ба мушкилиҳои зиёде дучор гардида, ҳатто маошашонро гирифта наметавонанд, мо бо раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии Шўрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ ба қароре омадем, ки шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва муҳоҷири тоҷик, ки дар он маълумоти пурраву мукаммал мавҷуд аст, баста шавад. Ин баҳри бехатар намудани муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон аст. Дар мавриди адои ҳаҷ бошад, муҳоҷири меҳнатие, ки тўли ду сол дар Арабистон фаъолият менамояд, ҳуқуқи як маротиба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра карданро бепул дорад ва ин албатта ба салоҳияти худи шахс вобаста аст. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 таҳти №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таркиби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ карда шуда, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шуд. Мутобиқи Фармони мазкур дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2007 Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ амалӣ менамояд. Як бори дигар такрор менамоям, ки мақсади сафари мо ба Мамлакати Арабистони Саудӣ вобаста ба Фармону Супоришҳои Президенти Ҷумҳурӣ танҳо ва танҳо муҳоҷирати меҳнатӣ асту халос. Мегуфтед, тартиб ва ҷараёни ба Арабистони Саудӣ фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик чӣ гуна сурат мегирад? Тибқи Ёддошти тафоҳум бо худ доштани шартномаи корӣ ҳамроҳ бо раводиди корӣ ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба Мамлакати Арабистони Саудӣ меоянд, ҳатмӣ аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо касбу кор, соатҳои корӣ, маош ва мўҳлати кор зикр карда мешавад, ки он кафолатномаи батанзимдарорандаи муносибатҳои миёни корфармо ва корхоҳ ба ҳисоб меравад. Ин ба муҳоҷири корӣ имкон медиҳад, ки дар ҳар сурате, ки набошад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Маоши муҳоҷирони тоҷик низ дар як сатҳ бо муҳоҷирони кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми музди кори муҳоҷирон аз рўйи маҳорати касбии онҳо муайян карда мешавад. Кишвари Арабистони Саудӣ омода аст, шумораи номаҳдуди муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кор таъмин намояд. Имкониятҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ баҳри муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Арабистони Саудӣ дар кадом сатҳ хоҳад буд? Тавре, ки раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ зимни мулоқот бо мо изҳор дошт, дар Арабистони Саудӣ миёни шаҳрвандони саудӣ ва муҳоҷирони кории мусулмон, аз кадом кишваре, ки набошанд, фарқе гузошта намешавад. Ҳуқуқ ва манфиатҳои коргарони хориҷӣ аз ҷониби мақомотҳои махсуси ҳифзи ҳуқуқ ҳимоя гардида, дар сурати сар задани масъалаҳои баҳсталаби молиявӣ онҳо аз ҷониби ин мақомотҳо баррасӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки қонунҳои амалкунандаи Арабистони Саудӣ дар асоси қонунҳои шариат ва қонунҳои байналмиллалӣ ба танзим дароварда шудааст. Масъалаи таъмини иҷтимоии муҳоҷирон бошад, дар доираи шартномаи корӣ аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад, ки он аз хароҷоти сафар, рафту ой, ҷойи хоб, хурду хурок, сару либоси махсуси корӣ, хизматрасонии тиббӣ иборат аст. Шумо, ки худ бо сафари корӣ дар Арабистони Саудӣ қарор доштед, лутфан мегуфтед ин кишвар бештар ба кадом муттахассисон ниёз дорад? Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ҷониби масъулини Арабистони Саудӣ қабл аз чопи хафтанома тариқи факс ба мо ирсол намуданд, имрўз ин кишвар ба муттахассисони беш аз 200 ихтисос ниёзманд аст. Аз ҷумла, ба муттахассисони соҳаи тиб, сохтмон, муҳандисони компютер, ронанда, тарроҳ, ороишгари манзил, кормандони соҳаи хидмати маишӣ бахусус соҳаи савдо ва амсоли инҳо. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муттахассисони зиёди соҳибихтисосро дар соҳаи тиб омода мекунад ва мо имрўз табибони пуртаҷриба зиёд дорем. Бо имзо гардидани Ёддошти тафоҳум бо ин мамлакат мо имкон пайдо намудем, то муттахассисонеро, ки хоҳиши дар кишвари саудӣ кор карданро доранд, ба онҷо фиристем. Албатта, дар Тоҷикистон муттахассисони соҳибтаҷрибаи ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ зиёданд ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгирӣ ва бо кор таъмин намудани онҳост. Мо дар назар надорем, ки танҳо ҷарроҳони беҳтарин бираванд, дар рўйхати касбҳое, ки Мамлакати Арабистони Саудӣ ба онҳо ниёз дорад ва ба мо пешниҳод намуд, дар як соҳаи тиб тамоми намуди табибон: дорусозон, пизишкони соҳаҳои касалиҳои даруна, хоҳарон ва бародарони шафқат, дандонпизишк, ронандаи машинаи ёрии таъҷилӣ ва дигар мухаххисисони ин соҳа барои кор даъват шудаанд. Гуфтанист, ки яке аз талаботҳои асосӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин донистани забонҳо, хусусан забони арабӣ ва англисӣ аст. Масалан, тамоми анвои доруворӣ дар Арабистони Саудӣ пурра ба забони англисӣ мебошад. Аксар вақт муоишарат дар соҳаи хизматрасонӣ бо забони англисӣ сурат мегирад, аз ин рў донистани забони англисӣ барои кормандони соҳаи тиб ва мутахасисони касбӣ зарур ва ҳатмист. Мутахассисоне, ки хоҳиши барои кор ба Арабистони Саудӣ рафтанро доранд, аз санҷиш гузаронида мешаванд. Шумо мегуфтед, ки ҷалби занон ба Арабистони Саудӣ чӣ гуна сурат мегирад? Тайи 17 соле, ки муҳоҷирони мо дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, 16 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар хоричи кишвар мебошад.Ҷалб шудани занони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ тамоили замони ҳозира буда, шумораи занон-муҳоҷирони меҳнатӣ рўз аз рўз меафзояд, ки онҳо бо талаби корфармоён ба хариду фурўши молҳои гуногун, дар соҳаи саноат, сохтмон, дар муассисаҳои хуроки умумӣ ва савдо, дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд. Дар асл сатҳи муҳоҷирати меҳнатии занон он қадар баланд набошад, ҳам аммо пайваста афзоиш ёфта истодааст. Бо сабаби инкишоф ёфтани соҳаи муҳоҷират шумораи занон рўз аз рўз ба он зам мешавад. Чи тавре, ки ҳозир мебинем, асосан, занон маҷбуранд, ки бо сабабҳои шахсӣ ва оилавӣ мустақилона маблағ кор кунанд, аз ин рў, мумкин аст дар оянда ин омил инкишоф ёбад, чунки занон таҳти таъсири шиносҳо ва хешу табор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро шурўъ мекунанд. Мушкилоти иҷтимоӣ, ки ба муҳоҷирати меҳнатии занон алоқаманд аст, набояд ҷиҳатҳои мусбии муҳоҷиратро доғдор намояд. Бо инкишоф додани ҷабҳаҳои имкониятҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ба занҳо барои ба даст овардани муваффақият ва мақсадҳои худ кўмаки амалӣ мерасонад. Мо паҳлўҳои мусбию манфии раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар таҷриба дидем, омўхтем ва ҳамеша пайи бартараф кардани ҷиҳатҳои манфии он ҳастем. Аз ин рў, қабл аз имзои Ёддошти тафоҳум мо ҳама паҳлўҳои масъаларо дида баромадем. Тавре қайд кардем, мо ба хулосае омадем, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ба занони то синни 30-сола, ки танҳо сафар кардан мехоҳанд, раводид дода намешавад ва агар хоҳиши кор дар Арабистони Саудиро доранд, метавонанд бо ҳамсарони худ, ё оилаҳояшон бираванд. Дар Мамлакати Арабистони Саудӣ чӣ қадар муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз кадом давлатҳо? Бояд қайд кунам, ки дар Арабистони Саудӣ зиёда аз 7 миллион муҳоҷирони мехнатӣ кору фаъолият менамоянд, ки инҳо шаҳрвандони давлатҳои Индонезия, Таиланд, Хиндустон, Филиппин, Чин, Ветнам ва Украина мебошанд. Аксари табибони Украина имрўз дар Арабистони Саудӣ фаъолият доранд. Имзои Ёддошти тафоҳум қадами аввалин буд, ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ин ҳамкориҳо баҳри танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум мусоидат мекунад. Зимнан бояд қайд кунам, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баъди Украина ягона давлате мебошад, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Мамлакати Арабистони Саудӣ шартнома баст. Оё шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз имконоти Шумо танҳо ба хотири ҳаҷ кардан ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафар кунанд? Ин тамоман номумкин аст. Тавре қайд кардем, дар рафти вохўриҳо мо масъалаи ҳаҷ кардани шаҳрвандонро тамоман баррасӣ накардем, чунки ин масъала ба салоҳияти Вазорати Фарҳанг, Кумитаи дин ва Вазорати корҳои хориҷӣ вогузор карда шудааст. Мақсади мо, як бори дигар такрор ҳам шавад, танҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ҳасту халос. Дар мавриди адои ҳаҷ бошад, шаҳрвандон метавонанд бевосита ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намоянд. Шумо кай курсҳои омўзишӣ таъсис медиҳед ва аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба Мамлакати Арабистони Саудӣ кай равон мекунед? Бо раиси Комиссияи ин мамлакат Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ қарордод намудем, ки дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе вохўрии навбатӣ доир намуда, курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забонҳо ва урфу одати Мамлакати Арабиситони Саудиро таъсис диҳем. Дар назар аст, ки аввалин муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли равон ва аввали соли 2010 ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд. Бояд зикр кунам, ки тартиби равон кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва интихоби онҳо дақиқ ва ҷиддӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумот бо телефонҳои 233-07-09 ва 233-09-94 ба шўъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд. Рўйхати касбҳои дархостшаванда, ки аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шўрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудӣ пешниҳод гардидааст, дар матбуоти даврӣ рузҳои наздик нашр мегардад. Таассуроти Шумо аз натиҷаҳои ин сафар чӣ гуна аст? Албатта, Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта буда, дорои захираҳои бойи нафту газ мебошад. Мо бо ин кишвари дӯст қариб урфу одати ба ҳам монанд дорем ва инро худи саудиҳо низ иқрор мешаванд. Раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал-Баддаҳ мӯътақид бар он аст, ки: «Урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик ба мардуми мо қаробат дорад. Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мо худ шоҳиди он будем, ки мардуми тоҷик то чӣ андоза меҳнатдўст аст. Вақте, ки инсон меҳнатдўст аст, дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро низ доро мебошад ва ин хеле муҳим аст». Пазироии гарме, ки онҳо аз мо карданд, далели гуфтаҳои болост. Ин самимият дар ҳар як вохўриву мулоқот бо намояндагони ин мамлакат эҳсос мегардид. Чизи дигаре ки диққати моро чалб намуд, ин истифодаи васеъи фурузонакхои каммасраф буд. Дар шахрхои Ар-Риёз, Тоиф, Мака, Мадина ва ҳар як сохтору муассисахои давлатие, ки мо будем саросар аз лампахои камхарч истифода мекарданд ва ин бори дигар сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакати мо Эмомали Рахмонро дар самти истифодаи фурузонакхои каммасраф собит месозад. Дар охир бояд қайд намоям, ки саҳми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ташкилу баргузории ин вохўриҳо калон аст. Барои дастгирӣ ва кўмаки беандозааш ба ҷаноби сафир мўҳтарам Салоҳиддин Насриддинов аз номи Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ изҳори миннатдорӣ баён менамоям.