МАҶМУАИ АСАРҲОИ ПУШКИН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ЧОП ШУД

Сентябрь 10, 2009 15:16

                Москва, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар Москва дар доираи «Намоишгоҳи байналхалқии китоб -2009» маросими муаррифии маҷмуаи ашъори шоири бузурги рус А.С. Пушкин баргузор гардид, ки ба забони тоҷикӣ чоп шудааст. Ин маҷмуа дар нашриёти «Вагриус» чоп шуд. Маҷмуаи мазкур бо ташаббуси «Маркази китоб»-и Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М. И. Рудомино чоп карда шуд.                Дар назди ҷамъомадагон директори генералии Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷӣ Екатерина Гениева ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев сухан карданд.

Сентябрь 10, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад