МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Сентябрь 29, 2009 15:21

                Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар пойгоҳи низомии Матибулоқ аз 2 октябри соли равон сар карда, машқи ҳарбии ҳайатҳои қумондонӣ, ситодҳо ва аскарону афсарони Қувваҳои дастаҷамъии зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин машқҳои низомӣ қисмҳои ҳарбии зудамал ва намояндагони сохторҳои низомии Федератсияи Русия, Арманистон, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.                     Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 25 сентябр даври аввали машқи низомии мазкур дар пойгоҳи низомии Лоҳури Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Дар ин машқ ҳамроҳи аскарону афсарони Пойгоҳи 201 – уми низомии Русия дар Тоҷикистон, гурӯҳи зудамали ҳарбии Вазорати мудофиаи Қирғизистон ва қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда буданд. Дар ҷараёни машқ роҳу усулҳои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон озмуда шуданд.

Сентябрь 29, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!