НАЗОРАТГОҲИ ГУМРУКИИ ҚУЛМА ТАҶДИД МЕШАВАД
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Миёни Ҳукумати ИМА ва Бонки Осиёгии Рушд созишнома оид ба маблағгузорӣ ва таҷдиди дидбонгоҳи гумрукии Қулма ва Қизил –Арт ба маблағи 1,6 млн. доллар ба имзо расид. Ин созишномаро дар Душанбе намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд Макота Оҷиро ва сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниша Квост ба имзо расониданд. Тибқи созишнома Ҳукумати ИМА ба Бонки Осиёгии Рушд пешниҳод намуд, ки барои азнавсозии инфраструктураи техникии Қулма ва Қизил – Арт 1,6 млн. доллар маблағи грантӣ ҷудо намояд. Боиси ёдоварист, ки лоиҳаи нав кардани техникаи гумрукӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд маблағгузорӣ мешавад соли 2004 қабул гардид. Маблағи умумии ин лоиҳа 14,98 млн. долларро ташкил медиҳад. Айни замон, қарзи Бонки Осиёгии Рушд 10,7 млн. доллар буда, саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷроиши лоиҳа 2,68 млн. доллар аст. Ба иттилои ҳамин манба, иҷрои лоиҳа соли 2010 дар назар дошта шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






