ОВОЗАИ БЕАСОС
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). – Аз рӯи хабари Агентии иттилоотии «24. Kg» — и Қирғизистон, ки 28 сентябр пахш карда шуд, гӯё 26 сентябр дар яке аз қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух додааст. Аз рӯи хабари агентӣ, силоҳбадастони номаълум 26 сентябр дар наздикии деҳаи Сурх ба посгоҳи марзбонон ҳамла оварда, ба сӯи марзбонон оташ кушода, баъд ба самти номаълум ғайб заданд. Вале аз дафтари матбуоти Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин амалиёт содир нашудааст ва хабари агентии иттилоотии Қирғизистон ягон асоси воқеӣ надорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






