СУГД: КОЧОКИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ХАЧМИ МАХСУСАН КАЛОН ПЕШГИРИ КАРДА ШУД

Сентябрь 8, 2009 08:31

                Хучанд, 8 сентябрь. (АМИТ «Ховар», Санавбар Максудова). Аз чониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаоваи назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар вилояти Сугд хангоми гузаронидани амалиёти «Кукнор-2009» фаъолияти як гурӯхи чинояткори байналхалкӣ, ки бо муомилоти гайриконуни, интикол ва кочоки маводи нашъаовар дар хачми махсусан калон сарукор доштанд, катъ карда шуд.               Аз рӯи маълумоти оперативии мавчудбуда, санаи 06 сентябри соли 2009 аз чониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вакти хариду фурӯши гайриконунии воситахои нашъадор дар назди мехмонхонаи «Эхсон»-и ш.Хучанд, автомашинаи тамгаи «Мерседес — Бенс», тахти идораи шахрванд Ш. 1966 ст., миллаташ точик, зода ва истикоматкунандаи н.Ч.Расулов, ки бо кашонидани мусофирон машгул аст, боздошт карда шуд.                Хангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили салони он се адад халтаи селофани бо 3 адад бастахои махсус, ки дар дохилаш 3 килограмм воситаи нашъаовари сахттъасири навъи «героин» мавчуд буданд, дарёфт ва мусодира карда шуд, ки онхо ба мусофири он автомашинаи мазкур шахрвандон Н, 1973 с.т., зодаи вилояти Хатлон, нохияи Восеъ, истикоматкунандаи ш.Хучанд, ва шахрванди Чумхурии Киргизистон А. 1986 с.т. милаташ ӯзбек, зода ва истикоматкунандаи н.Лайлак, вилояти Боткенти Чумхурии Киргизистон тааллук доштанд.              Инчунин дар хамин сана дар натичаи гузаронидани чорахои иловагии оперативи-чустучӯӣ ва гузаронидани кофтуков дар хонаи шахрванд Н,-и дар боло зикр шуда, вокеъ дар ш.Хучанд, аз ошхонаи хучраи мазкур аз дохили чевон як адад пакети селофанӣ ёфта гирифта шуд, ки дар дохили он ду баста бо моддахои кулулашакли рангашон сафедчатоби бӯи махсус дошта мавчуд буд, мувофики маълумотномаи мутахассис — ташхисгари Раёсати Агентӣ дар вилояти Сугд, моддахои ёфта гирифта шуда воситахои нашъадори навъи «героин» буда вазни умумиашон 2 кг 15 граммро ташкил медихад, ки ин микдор воситахои нашъадорро шахрванд Н. бо максади дар оянда ба сохибияти каси дигар додан дар хонаи худ гайриконунӣ нигох доштааст Дар рафти гузаронидани чорабинихои иловагии оперативӣ — чустучӯӣ аъзоёни дигари ин гурӯхи муташаккили чинояткор, хамиштирокчиёни шахрванд Н. муайян гардид, ки шахрвандон; С. 1973 с.т. зан, миллатаи ӯзбек, зода ва истикоматкунандаи Чумхурии Киргизистон, вилояти Ош, ва С. 1950 с.т. зан, миллаташ ӯзбек, зодаи вилояти Боткенти ЧК, бо маслихати пешакӣ, барои хариди маводи мухаддир ба ш.Хучанд, ба хонаи шахрванд Н. омада мехостанд маводи мухаддири мусодирашударо бо автомашинаи тамгаи «БМ» иваз намоянд. Дар натичаи дида баромадани чорахои фаври-чустучӯӣ шахрвандони дар боло зикр шуда муайян ва дастгир карда шуданд.               Санаи 06.09.2009с. боз як ходисаи гайриконунӣ нигох доштани воситахои нашъадор бо максади ба сохибияти каси дигар додан ошкор карда шуд.Хангоми гузаронидани чорабинихои оперативӣ-чустучӯӣ, дар натичаи кофтукови хонаи шахрванд Р. 1971 с.т. зодаи н.Кулоб, истикоматкунандаи н.Б.Гафуров, аз пешайвони хучраи ӯ дар даруни сандук, се бастаи селофании рангаш сафед, ки дар дохилаш 2 кг 21 грамм воситаи нашъадори навъи «героин» мавчуд буданд дарёфт ва мусодира карда шуд. Оиди ин ходисахо аз чониби муфаттишони Раёсат парвандаи чиноятӣ огоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Сентябрь 8, 2009 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид