ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ҚАДАМИ МУАССИРЕ БА ПЕШ ГУЗОШТАНД

Сентябрь 8, 2009 08:13

                Душанбе,8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-7 сентябр дар бӯстонсарои беруназшаҳрии «Варзоб» Форуми иқтисодию тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он дар қатори доираҳои соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибха Девисингх Патил иштирок ва суханронӣ карданд.         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустонро омили асосии пешрафти ҳар ду кишвар арзёбӣ карда, Ҷумҳурии Ҳиндустонро яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ номид. Сардори давлати Тоҷикистон доир ба шароиту имкониятҳои мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, рушди соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, бахусус Ҳиндро дар ин самт яке аз афзалиятҳои иқтисодиёти Тоҷикистон маънидод кард.                 Президенти ҷумҳурӣ, афзуд, ки рушди муносибатҳои соҳибкории иқтисодии ҳар ду кишвар дар асоси заминаҳои кофии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, ки барои инкишофи иқтисодиёти минтақа аҳамияти калон доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки новобаста ба вазъи бӯҳрони молиявӣ имрӯз дар Тоҷикистон як қатор иншоотҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ба истифода додани Нерӯгоҳи Барқи Обии «Сангтӯда-1» шаҳодати гуфтаҳост. Инчунин, дар Тоҷикистон ҳудуди 400 лоиҳаи инвеститсионӣ интизори ҳамкориҳо аст. Аз ин рӯ, Президенти ҷумҳурӣ соҳибкорону доираҳои тиҷоратии Ҳиндустонро барои тақвияти ҳамкориҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон даъват намуда, таъкид кард, ки дар Тоҷикистон тамоми имкониту шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудааст.                 Сардори давлати Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҳар ду давлат дар бахши низомӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар ва ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкорӣ доранд.                 Ҳамзамон, дар Форуми иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибха Девисинг Патил сухан карда, баргузории чунин чорабинии муҳими иқтисодиро омили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду давлат дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. 

Сентябрь 8, 2009 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд