МУСУЛМОНОНИ ЧИН ПАЙРАВОНИ МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМАНД?

Октябрь 22, 2009 11:02

                 Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар шумораи навбатии маҷаллаи «The Studies of Islamic Culture», нашри Пекин, мақолаи тадқиқотии Директори пажӯҳишгоҳи Дунганшиносии Донишгоҳи марказии миллатҳои Чин профессор Ху Чженхуа «1310 — солагии зодрӯзи Имоми Аъзам Абуҳанифа» чоп шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин иттилоъ доданд.                   Дар мақола гуфта мешавад, ки «Дар ҳудуди Чин зиёда аз 20 миллион мусулмонон умр ба сар мебаранд ва кулли онҳо дар масоили фиқҳ, қонунҳои шариат, эътиқод ва ахлоқ пайравони таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Сабаби ин равандро профессор Ху Чженхуа дар гузаштагони мусулмонони Чин медонад. Ба ақидаи ин олим гузаштагони мусулмонони Чин намояндагони миллати форс мебошанд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ба Чин омадаанд. Қаблан олимони Чин намояндагони қавми «Даши» — ро аз миллати араб медонистанд, аммо ба ақидаи Ху Чженхуа калимаи «Даши» дар талаффузи забони қадимии чинӣ ҳамчун «DA-DJEK» «ТAD-JIK» садо медиҳад.                  «Мусулмонони Чин бо миллати тоҷику ва халқҳои Осиёи Марказӣ пайванди зичи таърихӣ доранд, ки ин дар навбати худ барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард», — навиштааст олими Чин Ху Чженхуа.  

Октябрь 22, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад