Э. РАҲМОН БА ҲОМИД КАРЗАЙ БАРҚИЯИ ШОДБОШӢ ФИРИСТОД
03-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷалолатмаоб, Ба камоли мусаррат Шуморо ба муносибати пирӯзии муҷаддад дар интихоботи ахири раёсати Ҷумҳурии Афғонистони дӯст табрику таҳният гӯям. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу салоҳ ва рушду рафоҳи Афғонистони бародар буду ҳаст. Дар ин марҳалаи ҳассоси тақдирсоз ба ҳам овардани ҳамаи нерӯҳои ватанпарвар, таҳкими рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва дар ин замина таъмин намудани зиндагии осоишта ва осудаву ободи мардуми сарбаланди ҳамсояи мо на танҳо аз орзӯҳои деринаи халқи Афғонистон, балки ҳамеша аз ормонҳои сидқии мардуми Тоҷикистон низ будааст. Ба Шумо Ҷалолатмаоб, сиҳатии қавӣ ва дар роҳи амалӣ гардонидани ин орзӯҳои наҷиб дастовардҳои ҷадид орзумандам.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






