КИТОБҲОИ НАВ
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — «Ифтихори халқ ва Қаҳрамони миллат», чунин ном дорад китоби нави адиби шинохта Султонмуроди Одина, ки тариқи нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр гардид. Китоби мазкур дастурест барои омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ оид ба дақиқтар омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода. Аксар маводҳои китоб бори аввал бо шакли пурра ва дақиқ оварда шудааст. Ҳамчунин китоби дигари Султонмуроди Одина бо номи «Мирзо Турсунзода дар мактаб» бо теъдоди 500 нусха тариқи нашриёти «Ирфон» интишор ёфт. Дар асар тавсияҳо оид ба омӯзиши зиндагинома ва шеърҳои устод Мирзо Турсунзода ва андешаҳои ҷолиб дар бораи беҳтар кардани сифати донишандӯзии хонандагони синни хурди мактабӣ баён ёфтаанд. Китобҳои мазкур тӯҳфаи арзандаест ба ҳаводорони ашъори безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва ҳам ба истиқболи 100-солагии зодрӯзи шоир.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






