МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Ноябрь 12, 2009 10:43

                 Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон 11 ноябр зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо губернатори вилояти Боткент Маратбек Ҷумабеков баррасӣ гардид.                   Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо дар заминаи супоришҳои сарони ҳарду давлат ва имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешида шаванд. Зеро, айни ҳол имкону захираҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ зиёд буда, истифодаи онҳо саривақтист.                  Дар рафти мубодилаи афкор мусоҳибон ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо дахл намуданд. 

Ноябрь 12, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад