АЗ ПОРСОЛА ДИДА КАМТАР ИСТЕҲСОЛ ШУД

Декабрь 15, 2009 10:48

                Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-                Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 10 – уми декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 295 ҳазору 880 тонна пахта ҷаъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 51 ҳазору 302 тонна камтар аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳосилнокии пахта нисбат ба соли 2008 аз ҳар га 2, 4 сентнерӣ зиёд гардида, ба 17, 4 сентнерӣ расонида шудааст.                 Пахтакорони вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ ҷамъоварии пахтаро ба 197 ҳазору 989 тонна расонида, дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба 88, 8 фоиз расониданд.                 Пахтакорони вилояти Суғд бошанд дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта боз ҳам камтар пахта ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин вилоят ҳамагӣ 87 ҳазору 138 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки он 79,8 фоизи нақша мебошад.                 Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҳамагӣ ба андозаи 10 ҳазору 688 тонна пахта тайёр карда шудааст, ки он баробари 60,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Декабрь 15, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад