БУЗУРГДОШТИ БУЗУРГЗОДА
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида бо 100-солагии забоншинос ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Лутфулло Бузургзода ҳамоише баргузор гардид, ки дар он ин донишманд аз поягузорони илми забоншиносии тоҷикӣ унвон шуд. Ба гуфтаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Миршакар Бобомуродов нахустин китоби граматика ё сарфу наҳви забони тоҷикӣ аз ҷониби Лутфулло Бузургзода таҳия шуда, китобҳои ӯ бо номҳои «Фонетикаи забони адабии тоҷик», «Морфологияи забони тоҷикӣ» ва «Синтаксиси забони адабии тоҷик» солҳои 1940 — 1942 дар нашриёти шаҳри Ленинград чоп шудаанд. Гуфтанист, ки Лутфулло Бузургзода дар 34 соли зиндагӣ аз худ беш аз 20 асари гаронбаҳои илмию адабӣ ба мерос гузоштааст. Л. Бузургзодаро як донишманди бисёрҷанба буда, на танҳо дар илми забоншиносӣ, балки дар шевашиносӣ, фолклоршиносӣ, мусиқишиносӣ ва адабиёт низ муваффақ буд ва дар ин бахшҳо низ осоре аз худ ба ёдгор гузоштааст. Лутфулло Бузургзода аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ширкат карда, 12 ноябри соли 1943 дар ҷараёни даргириҳо дар вилояти Витебски Белорус ҳалок мегардад. Ҷасади ӯ дар қабристони умумӣ, дар канори 23 сарбози дигари шӯравӣ, дар рустои Слободкои Белорус дафн шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






