ДОНИШҶӮЁН ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» САҲМ МЕГУЗОРАНД
Анқара, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Шӯҳрат Султонов 27 декабр бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот кард, ки дар мактабҳои олии шаҳри Анқара таҳсил мекунанд. Ш.Султонов ба саволҳои донишҷӯён дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, НБО «Роғун» ҷавоб дод. Вай зимни суханрониаш муроҷиатномаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намуд, ки ҳамаи сокинони мамлакатро ба харидани саҳмияҳои ин иншооти бузург даъват менамояд. Донишҷӯён ба сафир ваъда доданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳ саҳми худро хоҳанд гузошт. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия рӯзҳои наздик маҷалларо барои донишҷӯён бо номи «Ватан» нашр хоҳад кард. Маҷалла дар бораи иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон нақл мекунад. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба АМИТ «ховар» хабар доданд, ки дар ин ҷо ҷамъоварии маблағ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» давом дорад. Маблағи ҷамъовардашуда рӯзҳои наздик ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронида мешавад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






