ДУ АГРЕГАТИ НБО «САНГТӮДА – 1» ТАРМИМ МЕШАВАД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ва маъмурияти нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда – 1» дар масъалаи аз кор боздоштан ва тармим намудани ду агрегати нерӯгоҳ мувофиқа ба даст оварданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки агрегатҳои нерӯгоҳ бо мақсади муайян намудани нуқсонҳои техникӣ ва сари вақт бартараф сохтани онҳо, инчунин пешгирии вазъияти ғайричашмдошт тармим карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар вақташ нерӯгоҳи «Сангтӯда – 1» — ро танҳо комиссияи корӣ қабул карда буд. Акнун онро бояд комиссияи давлатӣ қабул кунад. Ба он роҳбарону мутахассисони салоҳиятдори ташкилоту идораҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистону Русия шомил мегарданд. Айни ҳол ду агрегати нерӯгоҳ дар як шабонарӯз 5,5 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунанд. Дар нерӯгоҳ аз аввали сол то 1 ноябр бештар аз 1,3 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






