ХУШХАБАР АЗ РАДИОИ ВАТАН
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Радиои Ватан аз 6 декабри соли ҷорӣ рӯи мавҷи 102,4 FM дар вилояти Хатлон ба кор оғоз кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сармуҳаррири идораи иттилотии радиои Ватан Алиҷон Ҷӯраев иттилоъ дод, алҳол намояндагии радио дар маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа амал карда, ба таҳияи барномаҳо ва қабули эълону рекламаҳо машғул аст. Радиои Ватан нахустин радиои хусусӣ — тиҷоратӣ мебошад, ки дар калонтарин вилояти мамлакат рӯи мавҷи 102,4 FM шунавонида мешавад. Бо ин роҳ роҳбарияти радио кӯшиш мекунад, фазои иттилоотии вилоятро пур кунад. «Бояд гуфт, ки радиои Ватан бо дархости мухлисон ва шунавандагони бешумори вилояти Хатлон кушода шуд. Дар ояндаи наздик, бо даст додани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ паҳн шудани садои радиои Ватан дар фазои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб дар назар дошта шудааст», — гуфт дар хотима А.Ҷӯраев.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






