ИМСОЛ 500 ТОННА МОҲӢ ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон дар ҳайати корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» 8 хоҷагии калони моҳипарварӣ ва 44 хоҷагии деҳқонии моҳипарвар фаъолият менамоянд. Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 2244 гектарро ташкил медиҳанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар масоҳати беш аз 2 ҳазору 100 га барои хӯрокаи моҳӣ ғалладона кишт карда шуда, ҳосили хуб бардошта шуд, ки он барои парвариши 100 млн. дона моҳӣ басандааст. Тибқи дурнамои соҳа, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» то охири соли ҷорӣ истеҳсоли кирминамоҳичаҳоро ба 26, 9 млн. дона мерасонад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






