КИШТИ ТИРАМОҲӢ БА ОХИР РАСИД
Рашт, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Соли равон кишоварзони ноҳияи Тавилдара кишти тирамоҳии ғалладонаро нисбати соли гузашта барвақттар анҷом доданд. Натиҷаи ин буд, ки кишоварзон ба ҷои 1048 гектар, 1073 гектар ё худ нисбати соли 2009 25 гектар зиёд кишт намуданд, гуфт зимни сӯҳбат раиси раёсати кишоварзии ноҳия Қурбон Маҳмадов. Ғайр аз истифодаи тухми ғаллаи худӣ қариб 25 тонна тухми гандуми дуфасла ва инчунин «Сомон» аз вилояти Хатлон дастрас карда кишт намудем. Ин навъи тухмӣ ба боду ҳавои баландкӯҳи ноҳияи мо мутобиқ Буда, аз 35 то 50 сентнерӣ ҳосил медиҳад. Дар иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ саҳми хоҷагиҳои Сайёд, Ҷомӣ, Лайрон ва дигарон назаррас мебошад. Ҳоло кишти тирамоҳӣ бо муваффақият идома дошта, кишоварзон ният доранд, 100 гектар ғалла аз нақшаи муқаррарӣ зиёд кишт намоянд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






