КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛӢ ДАР СОХТМОНИ РОҒУН САҲМ МЕГУЗОРАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 21 декабр маҷлиси умумии роҳбарият ва кормандони Бонки миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҷудо кардани маблағ барои давом додани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва харидани саҳмияҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиёни маҷлис пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи анҷом додани сохтмони нерӯгоҳ бо истифода аз қувваю маблағи дохилӣ якдилона маъқул донистанд. Қарор дода шуд, ки бо мақсади тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳ музди кори якмоҳаи кормандони Бонки миллӣ ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронида шавад. Қарори мазкурро ҳамаи ҳамаи кормандони бонк дастгирӣ намуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






