МА&#1206ЛИСИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ БАЙНИ&#1202УКУМАТИИ &#1202АМКОРИИ ҶТ ҶҚ

Декабрь 25, 2009 15:47

                  Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 24 декабр дар шаҳри Ӯш маҷлиси навбатии муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон кушода шуд.                     Дар ин маҷлис ба ҳайатҳои ҳар ду ҷумҳурӣ вазири нақлиёт ва алоқаи Қирғизистон Нурлан Сулаймонов ва вазири нақлиёту алоқаи Тоҷикистон Олимҷон Бобоев роҳбарӣ мекунанд.                   Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва алоқа баррасӣ карда мешаванд.                    Ҳар ду кишвар дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар соли 2010 нақшаи мулоқотҳои кориро тартиб дода, масъалаҳои марбут ба ин соҳаро муайян хоҳад кард. Иштирокчиёни маҷлис инчунин ҳамкориро дар масъалаҳои сарҳад, ҳифзи иҷтимоии муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират ва маорифро баррасӣ хоҳанд кард. 

Декабрь 25, 2009 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад