МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО КИТОБИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МАСКАВ
Маскав, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 9 декабр дар Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов маросими шиносоӣ бо китобҳои дарсии забонҳои тоҷикӣ ва озарӣ баргузор гардид. Китобҳои дарсии мазкур барои омӯзиши забонҳои тоҷикию озарӣ дар мактабҳои олии Русия пешбинда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки китобҳои дарсии мазкур бо ташаббуси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ нашр карда шуданд. Дар ҷамъомад ректори Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқо, профессор Михаил Мейер нашри китобҳоро дар ҳаёти мамлакатҳои Иттиҳод воқеаи муҳим номида, ба муаллифон ва ноширони китобҳо миннатдорӣ баён намуд. Сипас мудири иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ Татяна Бубнова изҳор нмуд, ки тарҷумаи асарҳо ба забони мамлакатҳои ИДМ, нашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти гуногун яке аз самтҳои асосии фаъолияти фонд мебошад. Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик китобҳои дарсии забонҳои арманӣ, қирғизӣ ва туркманӣ чоп карда мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






