МУЛОҚОТҲОИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР БРУНЕЙ

Декабрь 10, 2009 11:40

                  Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари расмӣ ба давлати Бруней – Доруссалом бо султони ин мамлакат Ҳасан Алболқиаҳ мулоқот кард. Бояд гуфт, ки султони Бруней дар баробари ин дар вазифаҳои Сарвазир ва Вазири молияи мамлакаташ кор мекунад. Ҳ.Зарифӣ зимни сӯҳбат паёми шодбош ва орзуҳои неки сардори давлати Тоҷикистонро ба унвони султон ва мардуми Бруней расонд. Султони Бруней Президенти Тоҷикистонро даъват кард, ки дар вақти дилхоҳаш ба Бруней ташриф орад.                   Ҳ.Зарифӣ ба султони Бруней барои дастгирии масъалаи гузаронидани машварати навбатии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ соли 2010 дар Душанбе изҳори сипос намуд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни сӯҳбат масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Бруней муҳокима шуданд.                   Ҳамрохон Зарифӣ ҳамон рӯз инчунин бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Бруней, малика Хоҷон Масна, вазири рушди Бруней Ҳоҷӣ Абдулло, роҳбари Агентии сармоягузории Бруней Ҳоҷӣ Маҳд Амин Лию, иҷрокунандаи вазифаи директори кулли Шӯрои рушди иқтисодии Бруней Ҳоҷӣ Қамаруззамон, вазири саноат ва захираҳои асосии Бруней, инчунин вазири корҳои дохилии ин мамлакат Ҳоҷӣ Аднон мулоқотҳо анҷом дод.                  Дар ҷараёни ин мулоқотҳо роҳу усулҳои вусъат бахшидани муносибатҳои Тоҷикистону Бруней, ҷалби сармояи соҳибкорону тоҷирони Бруней ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ва масъалаҳои дигар муҳокима шуданд.                  Ҳамрохон Зарифӣ ба мусоҳибонаш дар бораи соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ барои амалӣ сохтани барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон ва шароиту имкониятҳои барои соҳибкорони хориҷӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон маълумот дод.                    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 8 декабр аз Бруней ба Ҷумҳурии Индонезия рафт. Вай дар ин ҷо дар мулоқоти дуюми демократии Бали иштирок хоҳад кард.

Декабрь 10, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад