МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ

Декабрь 23, 2009 10:14

                 Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони муассисаҳои илму маорифи мамлакат оғоз ёфт. Мулоқот ба Соли маориф ва донишҳои техникӣ бахшида шудааст. Тавре хабар дода шуда буд, бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Соли маориф ва донишҳои техникӣ эълон шудааст.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба мулоқот арбобони илм, роҳбарону намояндагони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дастгоҳи марказии вазорати маориф, мактабҳои олӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ даъват шудаанд.

Декабрь 23, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад