ОСОРХОНАИ МАКТАБ
Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо ). — Ба хотири гирд овардани таърихи гузаштаю имрӯза, дар назди мактаби деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз осорхонаи кишваршиносӣ таъсис дода шудааст. Осорхона аз нигораҳои нодири қадима, асбобҳои рӯзгори мардум, китобу дастхатҳои қадима иборат буда, барои сайёҳону меҳмонон ҷои тамошою фароғат хоҳад шуд, гуфт муовини директори таълимгоҳ Ашӯралӣ Сафаралиев. Ба осорхона пайваста нигораҳои нав ба нав ворид мегарданд. Тавре Ашӯралӣ Сафаралиев иттилоъ дод, ният дорем, ки онро ба яке аз калонтарин осорхонаи мактабии вилоят табдил диҳем.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






