СОХТМОНИ ИНШООТИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ — ФАРҲАНГӢ
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ 932753,8 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки ин 31, 8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро (бо нархҳои аслии амалкунанда) ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар масоҳати умумии 549813 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 107368 метри мураббаъ зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, масоҳати умумии биноҳои истиқоматии ба истифода додашуда дар вилояти Суғд – 215198 метри мураббаъ, вилояти Хатлон – 196851, шаҳри Душанбе – 64652 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 73112 метри мураббаъро ташкил додаст. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва ҳисси бештари онро аҳолӣ сохтааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






