ҚУРБОНИЁНИ АВВАЛИН САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТИИ СОЛИ 2010

Январь 6, 2010 10:55

                Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 1 то 4 январи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 20 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.                  Аз ҷумла, якуми январ соати 9.30 дар ноҳияи Ғончӣ ронандаи автомашинан «Мусо» Шарипов Расул ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди ҷамоати Овчи ба самти ноҳияи Ғончӣ азӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба чуқурии 36-метра чаппа мешавад, ки натиҷа 1 нафар мусофири дохили автомобил дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Ронанда ва 2 нафар мусофирони дигараш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ 6ардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.                  Инчунин, дар ноҳияи Истаравшан 2,01.2010 соати 20.00 ронандаи aвтомашинаи тамғаи «Тико» Юнусов Бахтиёр ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошиннгарди Душанбе-Хуҷанд дар 231-км аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба автомобили «ВАЗ-2106» таҳти идораи ронанда Адилов Комилҷон қарор дошт бар мехурад. Дар натиҷа ронандаи автомобили «Тико» ва 3 нафар мусофиронаш, инчунин 1 нафар мусофири автомобили «ВАЗ-2106» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомобили «ВАЗ-2106» ва 3 нафар мусофиронаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар 6еморхона 6истарӣ мегарданд.                  3.01.2010 соати 18.00 ронандаи автомашинаи тамған номаълум ҳангоми харакат бо кӯчаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе пиёдагардон Муҳаббатов Муҳиддин с.т 1991 ва Нематов Зардакшо с.т 1991-ро зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа пиёдагардон ба беморхона мурочиат мекунанд. Оиди дастгир намудани ронанда кофтуков идома дорад. Ҳамчунон, 4.01.2010 соати 12.00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Дайво-Нексия» Исматуллоев Пираҳмад ҳангоми харакат дар кӯчаи Айнии пойтахт пиёдагарди ноболиғ Қарчиев Ромиш с.т 1997-ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз РБДА ВКД ҶТ иттилоъ доданд. 

Январь 6, 2010 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид