А. ЮСУПОВ: «ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ БАРРАСИШУДА ТАМОЮЛИ ЗИЁДШАВӢ ДОШТАНД»

Январь 15, 2010 16:00

                   Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва дигар асноди ҳуқуқӣ фаъолияташро ба роҳ монда, дар давоми соли 2009 ба ҳайси суди марҳилаи якум 72 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи айбдории 188 нафар баррасӣ ва аз ин ҳисоб 69 парванда нисбати 182 шахс бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ ҳалу фасл намуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ дар ҳаққи 5 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида, ба 1 нафар чораҳои маҷбуоии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ кард», — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 15 январи соли ҷорӣ, муовини аввали Суди Олӣ Анварҷон Юсупов.                     Ӯ тазаккур дод, ки аз 182 маҳкумшуда ба 180-тои онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла ба 10 нафарашон ҳабси якумра таъин гардид. «Миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли 2008 мутаносибан 8 адад парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 92 шахс бештар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд», — идома дод А. Юсупов.                    Мавриди зикр аст, ки миқдори парвандаҳои мушаххас оиди ҷиноятҳои махсусан вазнини одамкушӣ аз 21 то ба 31, қаллобӣ аз 4 то ба 5 ва ҷимноятҳои таҷовуз ба номус 1 парванда дар ҳаққи 1 нафар афзудааст.                      Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 дар марҳилаи якум 12 парвандаи гражданӣ ва дар марҳилаи кассатсионӣ 360 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 517 нафар, 468 парвандаи гражданӣ, 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст.  

Январь 15, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад