ЧАНД НАФАР НОЗИР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИРО МУШОҲИДА МЕКУНАД?
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амниятиу ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати назорат аз ҷараёни интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Артис Пабрикс (Латвия) ба Душанбе омаданд. Ҳайати мазкур, ки аз 25 нафар нозир ва таҳлилгарони интихоботию сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таҳлилгари васоити ахбори омма иборат аст, баъди ба қайдгирифтан аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ҷиҳати шиносоӣ бо омодагии интихобот ба ҳавзаҳои интихоботӣ сафарбар мешаванд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро, ки 28 феврал баргузор мегардад, 520 нозири хориҷӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ба мисли — САҲА, ИДМ, СҲШ инчунин, 20 ҳазор нозири миллӣ мушоҳида менамоянд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






