ДИРЕКТОРИ ГОВҶИГАР
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории ҶДММ «Строител — 1» Азиз Носиров 24 – уми декабри соли 2007 бо Маркази ҷумҳуриявии биотехниологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолкунандаи азоти моеъ ба маблағи умумии 135 ҳазор сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст. Азиз Носиров Маблағи номбурдаро, ки ба суратҳисоби ҶДММ «Строител — 1» пардохт карда шуда буд аз ҶСК «Агроинвестбонк» — и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ба таври нақдӣ гирифта, бо роҳи тасарруф намудан азонихуд мекунад. Дар натиҷаи аз тарафи кормандони Агентӣ бурдани корҳои оперативӣ ин ҷиноят ошкор гардид. Дар ҳаракатҳои А. Носиров аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 245 қ.4 (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ пешбинишуда дида мешавад, ки он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 солро пешбинӣ мекунад. Акнун тақдири директори «говҷигар» бо чӣ анҷом меёбад, инро баъд аз тафтишот суд муайян мекунад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






