МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ ҚАРОРҲОИ ОЯНДА
Маскав, 22 январ. (АМИТ «Ховар» — БЕЛТА). — Роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дирӯз дар Маскав лоиҳаи қарорҳоеро муҳокима карданд, ки моҳҳои феврал ва июл дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қабул карда мешаванд. Дар муҳокима намояндагони Белорусия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Онҳо лоиҳаи се қарорро, аз ҷумла дар бораи сарфи назар кардани давлатҳо аз роҳу усулҳои истифодаи зӯроварӣ зимни бартараф сохтани баҳсу мунозираҳо, масъулияти давлатҳои аъзои САҲА дар бораи таъмини бехатарии умумии энергетикӣ, роҳ надодан ба зуҳуроти миллатгароӣ, афзалият додан нисбат ба миллатҳои дигар ва кӯшишҳои тафтиш намудани натиҷаҳо ва таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонро баррасӣ намуданд. Намояндагони парлумонҳои мамлакатҳои аъзои СААД чунин мешуморанд, ки амнияти энергетикӣ дар таъмини амнияти миллии ҳар гуна давлат омили муҳимтарин ва ҷузъиёти асосии сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ мебошад. Ба ақидаи иштирокчиёни мулоқот, давлатҳои аъзои САҲА набояд захираҳои энергетикиро барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ё фишори сиёсӣ истифода баранд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






