МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАРОНСА
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, академик Маҳкам Маҳмудов ва муовини ӯ Мустафо Назаров чанд рӯз пеш бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани мулоқот анҷом доданд. М.Маҳмудов дар оғози мулоқот ба сафири Фаронса барои ташрифаш ба Суди конститутсионӣ дар иди Соли нав изҳори сипос намуда, дар бораи вазифаҳо, ҳадафҳо, ваколат ва фаъолияти Суди конститутсионӣ маълумоти муфассал дод. Сафири Фаронса дар бораи баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи Шӯрои конститутсионии Фаронса сухан ронд, ки бештар аз 200 сол боз фаъолият дорад. Вай зикр намуд, ки нақши Шӯрои конститутсионӣ дар Фаронса дар бобати ҷорӣ намудани принсипҳои демократии давлатдорӣ бо назардошти вазифаҳои ҳифзи Қонуни асосӣ ва таъмини волоияти он ниҳоят бузург мебошад. Сафир Шӯрои конститутсиониро «қалби демократия» номид. Президенти Фаронса пеш аз имзои ҳар гуна қонун боварӣ ҳосил мекунад, ки онҳо дар Шӯрои конститутсионӣ муҳокима шудаанд ё не, гуфт сафир. Дар суди конститутсиононӣ бояд одамони оқилу хирадманд, мутахассисони варзида ва олимон кор кунанд. Мусоҳибон дар фарҷоми сӯҳбат паймон карданд, ки ҳамкориро дар оянда низ давом хоҳанд дод.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






