НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Миршамс Миршамсов ҳамчун шахси мансабдор моҳҳои июн – июли соли 2008 дар ду ҳолат аз шаҳрванд «Ф» барои тайёр карда додани 3 адад билети ҳарбии қалбакӣ оид ба гузаштани хизмати ҳақиқии ҳарбӣ ба писараш ва 2 нафар хешовандаш, ки синну соли даъватшавиро барои хизмат кардан дар сафи артиши ҷумҳурӣ доштанд дода, ба ивази он бо роҳи таъмаҷӯӣ 2 ҳазору 400 доллари амрикоӣ гирифтааст. — Дар ҳаракатҳои М. Миршамсов аломатҳои ҷиноятии дар қ.4 –и моддаи 319 -(гирифтани пора) – и КҶҶТ пешбинишуда дида мешавад, бо ин мақсад нисбати корманди комиссариати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ кушода гардид,- иброз доштанд дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






