НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ «ТОҶИК ЭЙР»
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 20 январ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори генералии корхона Алимурод Маҳмадалиев нишасти матбуотиро оғоз намуда, зикр кард, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон соли гузашта як миллиону 238 ҳазор мусофир кашонданд. Ин нисбат ба соли 2008 — ум 114 ҳазор мусофир кам аст. Ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ дар ин муддат ба 731 ҳазор мусофир хизмат расонданд. Саҳми муассисаи ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар соҳаи кашондани мусофирон 47,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳавопаймоҳои ширкат соли гузашта дар дохили мамлакат 587 ҳазор мусофир кашондаанд. Ҳавопаймоҳои корхона соли 2009 дар роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ ба 421,7 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 3,1 фоиз зиёд мебошад. Дар роҳҳои ҳавоии дохили мамлакат 165,3 ҳазор мусофир кашонда шуд, ки аз соли гузашта хеле кам аст. Сабаби кам шудани мусофирон ҳамин аст, ки ҳавопаймоҳо ба шаҳри Хоруғ бо сабаби номусоидии вазъи ҳаво ниҳоят кам парвоз мекуннд ва дар самти Панҷакент шумораи мусофирон кам аст. Ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» соли гузашта 1643 тонна почта ва молҳои дигарро кашондаанд. Соли 2009 ҳавопаймоҳои 19 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз ҷумла, 10 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон парвоз карданд. А.Маҳмадалиев афзуд, ки хароҷоти парвози ҳавопаймоҳо дар дохили мамлакат бо назардошти арзиши хизматҳои майдонҳои ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва нокифоя будани миқдори мусофирон аз бисёр ҷиҳат зиёновар мебошад. Бо вуҷуди ин барои таъмини ҳавопаймоҳо ва чархболҳои сохти Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта двигателҳои ҳавопаймоҳои мусофирбари ТУ – 154, чархболҳои Ми – 8 ва ғайра тармим карда шуданд. Соли гузашта корхона ду ҳавопваймои мусофирбари «Боинг» — ро аз ширкатҳои хориҷӣ барои истифодаи дарозмуддат ба иҷора гирифт. Қайд карда шуд, ки айни ҳол масъалаи кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ ба Украина, Белорусия, Ҳиндустон ва Покистон муҳокима карда мешаванд. Кормандони «Тоҷик Эйр» дар сохтмони НБО «Роғун» саҳми калон мегузоранд. Аз ҳисоби даромади корхона ба суратҳисоби сохтмони Роғун дар давоми соли 2010 — ум 10 миллион доллари ИМА гузаронида мешавад. Аз ин маблағ аллакай як миллион сомонӣ гузаронида шуд. Инчунин кормандони корхона қарор доданд, ки бо маблағи маоши якмоҳаашон саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харанд, гуфт дар хотима А.Маҳмадалиев.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






