СУДИҶРОЧИИ ҶИНОЯТКОР

Январь 7, 2010 12:06

                Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар бораи тамаъҷӯии судиҷрочии шаҳри Сарбанд бо ариза муроҷиат намуд.                  Ҳолати корро дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ чунин шарҳ доданд:   — Шаҳрванд «С» бо ҳукми суди шаҳри Сарбанд аз 27 – уми апрели соли 2009 бо моддаи 244 қ.2 (дуздӣ) – и КҶҶТ маҳкум шуда, нисбати ӯ ҷазо дар шакли ҷарима ба маблағи 2500 сомонӣ таъин карда мешавад, ки то моҳи ноябри соли 2009 маблағи ҷаримаро қисман (1600 сомонӣ) пардохт кардааст.                  Баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи Авф» (3 ноябри соли 2009), судиҷрочии шаҳри Сарбанд Иброҳим Раҳматов, ки иҷроиши ҳукми судро нисбати С. Фозилов ба зима дошт, бо баҳонаи озод намудан аз пардохти боқимондаи ҷаримма (900 сомонӣ), аз маҳкумшуда бо мақсади ришватситонӣ 200 сомонӣ талаб кардааст.                   19 – уми ноябри соли 2009 зимни амалиёти фаврӣ – тафтишотӣ судиҷрочӣ Иброҳим Раҳматов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 200 сомонӣ дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои суди шаҳри Сарбанд аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дастгир шуда, аз кисааш ҳангоми кофтукови шахсӣ 200 сомонӣ чун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати боздоштшуда тафтиш бурда мешавад.  

Январь 7, 2010 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!