БАРРАСИИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» ДАР ПЕКИН
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 3 феврал дар Академияи муносибатҳои байналмилалии муосири пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба вазъи имрӯза ва имкониятҳои равнақу ривоҷи муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин машварат баргузор гардид. Дар машварат олимон, коршиносон ва муҳақиқони чинӣ ширкат варзиданд. Онҳо аз ҷумла, ба проблемаҳои густариш додани ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи энергетика ва роҳу усулҳои истифодаи самарабахши ин соҳа сухан ронданд. Иштирокчиёни машварат ба ҷараёни сохтмони НБО «Роғун» ва нерӯгоҳҳои дигари барқии Тоҷикистон ва тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва тараққиёти иқтисодиёти мамлакат мароқ зоҳир намуданд. Дар ҷараёни машварат инчунин роҷеъ ба мавқеи Тоҷикистон дар бораи расондани кӯмак ба Афғонистон барои пешрафти иқтисодиёти ин мамлакат, мӯътадил гардонидани вазъияти сиёсии он, мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар машварат сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов иштирок дошт ва ба саволҳои ҳозирон ҷавоб дод.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






