ДАР МАҒОЗА ГЕРОИН МЕФУРӮШАНД?
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 23 феврали соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз ҳафт далели муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Муродбек Зуҳуров, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯш, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови мағозаи шахсии М. Зуҳуров воқеъ дар деҳаи Аскари Сурхи ноҳияи Ҳисор аз дохили сумкаи варзишии ӯ 3 кг 508 гр моддаи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






