МАҲБУСОНИ АФҒОН БА МАҚОМОТИ ДАХЛДОРИ ИН МАМЛАКАТ СУПОРИДА ШУДАНД

Февраль 5, 2010 10:57

Кобул,   5  феврал. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – 4  феврал  дар  вилояти  Кундуз  бештар  аз  80  нафар  шаҳрванди  Афғонистон, ки  барои содир  кардани  ҷиноятҳои гуногун   дар  қаламрави  Тоҷикистон ба  ҳабс  гирифта шуда  буданд,  ба  мақомоти  дахлдори  ин  мамлакат  супорида шуданд. Маҳбусони  афғон  дар  асоси  созишномаи  байниҳукуматии Кобул  ва  Душанбе  ба  ватан   баргардонида шуданд. Муовини  волии вилояти  Кундуз  Ҳамидулло  Донишӣ  ба  ин  иқдоми   мақомоти  Тоҷикистон  баҳои  баланд  дода,   онро   муносибати  дӯстона  ва  иқдоми  хайрхоҳона  номид. Маҳбусон  дар  маҳбасхонаи шаҳри  Кундуз  ҷой  дода шуданд. Ҳамидулло  Донишӣ  ба  хабарнигорон  гуфт, ки  маҳбусон  баъди   тафтиши  ҳуҷҷатҳо  ва ба расмият  даровардани онҳо  ба  маҳалҳои  истиқоматашон  фиристода  хоҳад  шуд. Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  ҳоло  дар  Тоҷикистон  бештар  аз  270  шаҳрванди  Афғонистон  маҳбус  мебошад.

Февраль 5, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад