МУНШИИ УМУМИИ ФОНДИ ҲАМКОРИИ ТЕХНИКИИ МИСР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муншии умумии Фонди ҳамкории техникии Миср бо мамлакатҳои ИДМ Самоҳа Сутӯҳӣ 7 феврал барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон меояд. Меҳмон зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва роҳбарони воломақоми вазорати корҳои дохилии мамлакат мулоқот хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи ин мулоқотҳо муайян намудани самтҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тиҷорат мебошад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






