НОҲИЯИ АШТ БАРАНДАИ ПАРЧАМИ САЙЁР ДАР СОЛИ 2009

Февраль 2, 2010 12:44

Суғд, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бобати ҷамъбасту натиҷагирии фаъолият дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд  дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, директорони мактабҳои варзишии бачагону наврасони шаҳру ноҳияҳо, раисони иттифоқи ҷавонони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону варзишгарон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии вилоят ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат баргузор гардид. Дар ҷаласа танҳо як масъала ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар соли 2009 гузошта шуд. Тибқи масъалаи ба ҷаласа гузошта шуда ҳисоботи мутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳидов О.А. доир ба бурду бохти фаъолияти Раёсат ва сохторҳои он дар соли 2009 шунида шуд. Зимни суханронӣ ӯ қайд намуд, ки давоми давраи ҳисоботи 51 қарорҳои раиси вилояти Суғд, 115 фармонҳои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, 199 фармонҳои сардори Раёсат баҳри самара бахшидан ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонию варзиш ва сайёҳӣ ба тавсиб расиданд. Бобати иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ давоми фаъолият чорабиниҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ, иҷтимоию маърифатӣ, варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд.  Ҳамчунин доир ба самтҳои варзишу саёҳат, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, бо кор таъмин намудани ҷавонони бекор, сатҳи номуташаккилии ҷавонон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ дар соли 2009 маълумот дода шуд. Сардори Раёсат Р.Ғиёсов аз фаъолияти бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Б.Ғафуров ва Қайроққум пурсиш ба амал овард.  Дар кори ҷаласа мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии дастгоҳи Раиси вилоят Шарипов Абдуҳаким Шарипович иштирок намуда, ба фаъолияти Раёсат дар соли 2009 баҳои мусбӣ дод ва аз иштирокчиёни ҷаласа даъват намуд, ки дар соли 2010 ба чорабиниҳои муҳими сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кишрҳои ҷавононро бояд ҷалб намуд ва имрӯз ҳукумат ба қувваи бузурги ҷавонон ниёз дорад.          Ҳамчунин таклифу пешниҳоди музокирачиён ба эътибор гирифта, лоиҳаи фармон қироат карда шуд, ки вазифагузориҳои он дар бораи такмили маданияти ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи санадҳои меъёри–ҳуқуқи, баланд бардоштани малакаи коргузории кормандони бахшҳо, ба роҳ мондани чорабиниҳои таҷрибаомӯзӣ ва азхудкунӣ, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботи доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, пурзур намудани чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба эълон шудани соли 2010 Соли маъориф ва фарҳанги техники  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ифротгарои (экстремисти), аз ҷумла ҳизби «Салафия» дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ андешидани чораҳои мушаххас, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат ва иштирок дар мусобиқаю чемпионатҳои ҷумҳурияви ва байналмилалӣ, ташкили сӯҳбату вохӯриҳо ва таҳияи барномаҳои мубоҳисотии телевизиони дар байни ҷавонони маҳал мебошад.          Дар охир озмуни вилоятии иншои беҳтарин, ки бо Фармони сардори Раёсат аз моҳи декабри соли 2009 дар мавзӯи НБО «Роғун» ояндаи дурахшони насли ҷавон» эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид ва ба ғолибон ифтихорномаи Раёсат ва саҳмияҳои НБО «Роғун» ба маблағи 500 сомонӣ ҳамчун тӯҳфа супорида шуд. Ҷои якум дар озмуни иншо насиби Оқилова Хуршеда хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби донишчӯи ДДХБСТ Ҳомидова Фарзия, ҷои сеюм Қаюмова Парвина хонандаи МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд гардид.          Ҳамзамон дар ҷаласа бахши беҳтарин дар соли 2009, дорандаи Парчами сайёри Раёсат дар соли 2010  ва бахшҳои беҳтарин дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муайян гардид. Дар соли 2009 бахши беҳтарин ноҳияи Зафаробод дониста шуда соҳиби Парчами сайёри Раёсат ва компютер гардид, бахшҳои беҳтарин дар самти варзиш шаҳри Чкалов, дар самти ҷавонон, шаҳри Табошар ва дар самти сайёҳи шаҳри Қайроққум дониста шуда, бо вимпелҳо ва ифтихорномаи Раёсат қадрдонӣ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки озмуни Парчами сайёри Раёсат ҳар сол эълон гашта дар ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти солонаи Раёсат ҷамъбаст мегардад ва дар соли 2009 бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт ҳамчун беҳтарин бахш дар соли 2008 дорандаи Парчами сайёри Раёсат дар соли 2009 дониста шуд.

Февраль 2, 2010 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 39 дараҷа мерасад
Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад