ШИРКАТИ САҲҲОМИИ НБО «САНГТӮДА – 1» ПАНҶСОЛА ШУД

Февраль 16, 2010 13:51

Душанбе,  16  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Имрӯз,  16  феврал  ба таъсиси  Ҷамъияти  саҳҳомии   муштараки  Русия  ва  Тоҷикистон — Нерӯгоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1»  расо   5  сол  пур  шуд. Вазорати  энергетика  ва  саноати  Тоҷикистон  ва Ҷамъияти  саҳҳомии «Системаи  ягонаи  энергетикии  Русия»  5  сол  пеш   дар  бораи ташкили   ҷамъияти  мазкур  созишнома  имзо  карда буданд. Ҳадафи  ташкили   ҷамъияти  саҳҳомӣ  сохтмони Нерӯгоҳи  барқи  обии  «Сангтӯда – 1» дар  дарёи  Вахш  буд. Дар  натиҷаи  саъю  кӯшиш  ва   ҷаҳду  талоши сохторҳои  марбутаи  Тоҷикистон  ва  Русия  НБО «Сангтӯда- 1» дар  давоми  4  сохта шуд. Агрегати  нахустини он   моҳи  январи  соли  2008, се  моҳ  пеш  аз  мӯҳлати  муқарраршуда ба  кор  шурӯъ намуд. НБО «Сангтӯда- 1» дар ин  муддат  3  миллиард  киловатт – соат  қувваи барқ  истеҳсол  намуд. Нерӯгоҳ  айни  ҳол  дар  як  шабонарӯз ба  ҳисоби  миёна  6,7  миллион   киловатт – соат  қувваи барқ  истеҳсол  менамояд. Директори  генералии  НБО «Сангтӯда- 1»  Владимир  Белов  энергетикҳои  Тоҷикистон ва  Русияро  ба  муносибати солгарди навбатии  таъсиси  ҷамъияти  саҳҳомӣ табрик намуда,  зикр  кард, ки он   ҳамаи  вазифаҳои  ба зимма гирифтаашро  иҷро намуда, дар таъмини  иқтисодиёти  мамлакат  бо  қувваи барқ  саҳми  калон  мегузорад. Қариб  15  фоизи  ҳаҷми  умумии   қувваи барқи  дар  Тоҷикистон  истеҳсолшаванда  ба НБО «Сангтӯда- 1» рост  меояд. 

Февраль 16, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад