«ТЕЛЕФОНИ МУСТАҚИМ» БАРОИ СОҲИБКОРОН
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии «Вавилон» барои соҳибкорон ва тоҷирони мамлакат Маркази машваратӣ кушод. Соҳибкорону тоҷирон ба воситаи телефони боварӣ аз маркази мазкур дар бораи гузаронидани тафтишҳо ва манъ кардани онҳо маълумоти зарурӣ гирифта метавонанд. Рақами телефони боварии марказ +44 6202525 мебошад. Телефони мустақим имкон медиҳад, ки дониши ҳуқуқии соҳибкорону тоҷирон васеътар гардонда, ба онҳо дар бораи амалӣ сохтани қонунҳо «Дар бораи тафтиши фаъолияти корхонаю муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи боздоштани тамоми навъҳои тафтиши корхонаҳои хурду миёна» маълумоти зарурӣ дода шавад. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шӯҳрат Раҳматбоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ташкили алоқаи мустақими телефонӣ ҷузъи муҳими низоми ислоҳоти тафтиш дар ҷумҳурӣ буда, ба пешрафти фаъолияти соҳибкорон кӯмаки калон мерасонад. Ш. Раҳматбоев барои ташкили алоқаи мустақими телефонӣ ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии «Вавилон» изҳори сипос намуд. Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилаии молиявӣ дар Тоҷикистон Венди Вернер изҳор намуд, ки корпоратсия дар давоми 5 соли охир ба Ҳукумати Тоҷикистон барои такмили низоми тафтиши фаъолияти корхонаҳо кӯмак мерасонад. Бинобар ин мо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузориро дастгирӣ намудем. Боварӣ дорем, ки ин иқдом ба Ҳукумати мамлакат барои беҳтар сохтани низоми тафтиш мусоидат хоҳад кард, гуфт В.Вернер.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






