ҚОЧОҚИ «ВОЛФРАМ»

Март 1, 2010 13:37

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Кормандони раёсати корҳои дохилии дар нақлиёт будаи ВКД, дар болои кӯпруки автомобилгард воқеъ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Регар шаҳрванд Ғайрат Назарови 51 – сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода ҳангоми фурӯхтани 23 кг 700 гр метали «Волфрам», ки ба гурӯҳи металҳои ранга ва нодир дохил мешавад, дастгир карданд. Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ки мутобиқи маълумотномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ ва маълумотномаи биржаи фурӯши молу амволи ҶТ нархи метали мазкур 11 ҳазору 494 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда аст.     

Март 1, 2010 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад