ҲАЁТИ ЖУРНАЛИСТОН ЗЕРИ ХАТАР ҚАРОР ДОРАД

Март 26, 2010 17:01

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар»). —  Дар  маърӯзаи  нави ЮНЕСКО  гуфта  мешавад, ки журналистон  дар шароити  ҳозира низ  мисли  солҳои  гузашта  ҳадафи  ҳуҷум  ва  сӯиқасдҳо  қарор  мегиранд, онҳоро ба  ҳабс  гирифта  ё  ба  қатл  мерасонанд.  Дар ин  маврид,   чунин  ҷиноятҳо ба  муқобили  журналистон  дар  шароити осоишта  содир  карда  мешаванд ва  дар  аксари  мавридҳо ба   фаъолияти  касбии  журналистон  вобаста  мебошанд.  Маърӯзаи  нави  ЮНЕСКО  дар  арафаи   маҷлиси  Шӯрои  байниҳукуматии  Барномаи байналмилалии  рушди  воситаҳои  алоқа  нашр  карда шуд, ки  24  март  кушода шуд. Дар  маърӯза  гуфта  мешавад, ки  ЮНЕСКО дар  давоми  солҳои  2006 – 2007 аз  28  мамлакат   дар  бораи  ҳалокати  кормандони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  маълумот  талаб  карда буд. То  имрӯз  талаботи  мазкурро  танҳо  15  мамлакат  иҷро  кардаасту  халос. Қайд  карда  мешавад, ки  ЮНЕСКО   тӯли  солҳои  2008 —  2009  вобаста ба  куштори  125  журналист  эътироз  баён намуда буд. Аз  ҷумла,  соли  2009   дар  мамлакатҳои  ҷаҳон  77  журналист  вобаста ба  фаъолияти  касбӣ ба  ҳалокат  расид.  Куштори  журналистон  сол то сол меафзояд. Бояд  гуфт, ки  бисёр  вақт  гунаҳкорони  куштори  журналистон  пайдо  карда  намешаванд  ва  беҷазо  мемонанд.  Дар  натиҷа  теъдоди  бештари  кормандони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  ҳадафи  ҳуҷуми  ҷинояткорон  қарор  мегиранд. Директори генералии  ЮНЕСКО  Ирина  Бокова   зикр намуд, ки  масъалаи  таъмини  бехатарии  фаъолияти  кормандони  воситаҳои  ахбори  оммавиро  танҳо  бо  роҳи  амалӣ  сохтани   иродаи  сиёсии  давлатҳо  ҳал  карда,  гунаҳкорони  куштори онҳоро ба  ҷавобгарӣ  кашидан  мумкин аст.

Март 26, 2010 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад