АҲАМИЯТИ НБО – И «РОҒУН» БАРОИ КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ
Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти корманди КВД Пажӯҳишгоҳи «Нурофар» Сайдалӣ Тоҳиров, айни замон сохтмони НБО – и «Роғун» вазифаи пурмаҳсул ва авлавиятдор барои тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. Обе, ки дар обанбори «Роғун» нигоҳ дошта мешавад, дар ояндаи наздик трубинаҳои нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Шӯроб» — ро ба гардиш хоҳад овард. Танзими бисёрсолаи ҷараёни об дар НБО – и «Роғун» имкон медиҳад, ки он дар реҷаи зарурӣ кор кунад. Ин захира натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин барои ҳамсоякишварҳои ҷанубӣ низ фавқулодда ба манфиат хоҳад буд. Обанборҳои «Роғун», «Норак» ва «Туямуюн» ҷараёни дарёҳои минтақавиро барои солҳои зиёд таъмин намуда, инчунин обёрии беш аз 3 млн. га заминҳои Ӯзбекистон ва Туркманистонро барои солҳои камоб замонат медиҳанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






