ДУХТУРОН НИЗ ДАР БУНЁДИ НБО-РОҒУН САҲМГУЗОРАНД

Март 1, 2010 13:04

Душанбе,1 март (АМИТ»Ховар» Зебо Давлатова)- Сардухтури  дармонгоҳи шаҳрии дандонпизишкии кӯдаконаи  рақами 1-и шаҳри Душанбе, Маҳмӯд Муродов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоь дод, ки корҳои  аз тарафи духтурони шуьбаҳои табобатию профилактикӣ давоми сол ба сомон расонидашуда ҳанӯз ҳам ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.Дар ин самт  нарасидани духтурон аз рӯи воҳидҳои кори 65 фоизро ва ҳамшираҳои шафқат 50 фоизро ташкил медиҳад,ки ин  моро қаноатманд карда наметавонад.Айни замон Дармонгоҳи дандонпизишкии кӯдаконаи рақами 1 ба 121674 нафар аҳолии шаҳр хизмати тиббӣ мерасонанд.Соли гузашта мо ба 99967 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ расонидем.Сардухтур афзуд,ки бештар аз 10 семинар оид ба риоя кардани қоидаои гигению санитарӣ ва пешгирии бемориҳои инфексиони гепатитҳои В,С,ВИҶ,СПИД,зукоми нав А(Н1-N1) байни кормандони тиббӣ гузаронида шуд.Инчунин ба мабдағи 33000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии ҳукумати ноҳияи Шомансур бо дастгирии раиси ноҳия Фатҳулло Бӯриев корҳои таьмири косметикӣ гузаронида шуд.Кормандони  дармонгоҳи мо оид ба харидории саҳмияҳои НБО-и Роғун чун дигар ҳамватанони Ҷумҳуриямон саҳми босазои худро гузаронидаанд.То имрӯз ба маблағи  66 ҳазору 400 сомонӣ харидорӣ намуданд. Ман аз ҳисоби буҷаи оилавиам ба  маблағи 27 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намудам,то ин ки ин нерӯгоҳи бузурги аср ҳар чи  тезтар ба истифода дода шавад ва мардуми тоҷик дар оянда  аз нарасидани барқ танқиси накашанд.    

Март 1, 2010 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад