ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Тибқи хабари Сафоратхонаи Туркманистон дар Душанбе, 3 март дар шаҳри Ашқобод дар қароргоҳи Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ байни СММ ва Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал меморандуми ҳусни тафоҳум имзо карда шуд. Дар маросими имзои меморандум намояндагони СММ, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ВКХ Туркманистон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имзои меморандум дар бобати ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ, беҳтар сохтани вазъияти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал, мусоидат ба муқаррар намудани роҳу усулҳои қобили қабули истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ иқдоми муҳим мебошад. Бунёди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади бартараф сохтани оқибати хушкшавии баҳри Арал, беҳтар намудани вазъияти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа ва барқарор сохтани он ташкил дода шуда буд. Муассисони бунёд ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар давоми 15 соли фаъолияти бунёд ду барномаи беҳтар сохтани вазъияти ҳавзаи баҳри Арал қабул карда шуд. Айни ҳол бунёди мазкур ба таҳияи барномаи сеюм машғул аст, ки тадбирҳои расонидани кӯмакро ба мамлакатҳои минтақа дар давраи солҳои 2011 – 2015 дар бар мегирад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






