КАФОЛАТПУЛӢ 1000 РУБЛ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловазод).- Бино ба маълумоти расмии омории Хадамоти кор бо мӯҳоҷирати ФР дар моҳи январи соли ҷорӣ 86 нафар ва дар соли 2009 4 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ФР «депортатсия» шудаанд. Бино ба гуфти ҷонишини сардори хадамоти кор бо муҳоҷирони ФР Константин Полторанин, дар Русия Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар сектори хусусӣ ба фаъолият машғуланд, дастгирӣ намуд. Тибқи лоиҳаи қонуни нав шаҳрвандони хориҷӣ бо гирифтани «патент» -и ҳармоҳа, ки 1000 рубл аст, бемалол метавонанд ба таври инфиродӣ ошкоро ба кор машғул шаванд. Ин механизми оддиест, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қонуни нави муҳоҷират ворид шудааст. Бо супоридани боҷи ҳармоҳаи давлатӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ 2 сол ҷои зист ва корашонро тамдид карда метавонанд. Айни замон аз рӯи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ФР аз 400 то 600 ҳазор шаҳрвандони тоҷик дар корхонаҳои хусусӣ машғули коранд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






