КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА МАРДУМИ ТОҶИКРО БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗ ТАБРИК КАРД

Март 22, 2010 11:18

Душанбе,  22 март. (АМИТ «Ховар»). —  Аз  сафоратхонаи Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  аз  номи  котиби давлатии  ин  мамлакат  Хиллари  Клинтон  ба  муносибати  иди Наврӯз  барқияи  шодбош расид. Х.Клинтон  дар  барқияи  худ  халқи тоҷикро ба  муносибати  иди  Наврӯз  самимона табрик  менамояд. Котиби давлатии ИМА  дар  барқияи  худ аз  номи Президент  Барак  Обама  ва  халқи  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ба  мардуми  тоҷик  хушбахтӣ,  зиндагии  фараҳмандона  ва  сулҳу  оромӣ  орзу  менамояд. Ин  иди  қадима  ба  мо   имкон  медиҳад,  ки  анъанаҳои  қадима  ва  пурғановати  мардуми  тоҷик  аз  нав  барқарор  карда  шаванд.  Ҳамаи  хонаводаҳо  бо  дӯстонашон  дар  рӯзи  ид  якҷоя   нишаста, расму  оинҳои  аҷдодии  худро  ба ҷо  меоранд ва  нақшаҳои ояндаи  зиндагии  худро таҳия  месозанд. Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  заминаи  эҳтироми  хамдигар  ва бо  назардошти  манфиатҳои  мутақобила   ҳамаҷониба  ҳамкорӣ  мекунанд.  Мо  муносибатҳо  ва  ҳамкории  худро   бо  роҳи  таҳкими  амнияти  минтақа,  таъмини  вазъияти  босубот,  дастгирии  тиҷорат ва  ҳамкории  фарҳангӣ  торафт  бештар  ривоҷ  медиҳем. Боварӣ  дорам, ки  мо  якҷоя  ояндаи   мусолиматомез,  демократӣ  ва  ободу  озоди  халқҳоямонро  таъмин  карда  метавонем.  Наврӯз  муборак,  гуфта  мешавад дар  барқия.

Март 22, 2010 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад