МАҶЛИСИ ШӮРОИ ДОИМИИ СААД
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар»). — 19 март дар шаҳри Маскав Маҷлиси Шӯрои доимии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он Муншии умумии созмон Николай Бордюжа иштирок намуд. Намояндагони ваколатдори мамлакатҳои аъзои созмон лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро баррасӣ намуданд, ки ҳадафи онҳо густариши фаъолияти минбаъдаи созмон мебошад. Аз ҷумла, дар маҷлис лоиҳаи нақшаи фаъолияти давлатҳои аъзои созмон дар бобати муқаррар намудани низоми вокуниши таъҷилии дастаҷамъӣ ба вазъияти фавқулодда муҳокима карда шуд. Ҳуҷҷат дар доираи созмон ба вуҷуд овардани системаи ҷалби муташаккилонаи қувваҳо ва воситаҳои давлатҳои аъзои СААД – ро бо мақсади пешгирӣ намудани вазъияти фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин мавридҳои бӯҳроние, ки оқибати онҳоро танҳо бо қувваю имкониятҳои давлати зарардида бартараф кардан мумкин нест, пешбинӣ менамояд..








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






