МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ СИНГАПУР СЕЛЛАПАН РАМА НАТАН

Март 31, 2010 11:41

31 марти соли 2010 барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сингапур бо маросими истиқболи давлатӣ оѓоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Сингапур Селлапан Рама Натан истиқбол гирифт. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмию корпуси дипломатӣ ҷараён гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дўстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: — «кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутара??ии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиатдорем”. Таъкид гардид, ки наздикии мав?еъҳои Тоҷикистону Сингапур дар масоили рўзмарраи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаи хуб мегузорад. Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармояузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои кўҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид. Мубодилаҳои сиёсӣ оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ низ аз самтҳои дигари муносибатҳои судманди миёни Тоҷикистону Сингапур номида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвари давлати Сингапур Селлапан Рама Натанро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад.  Ҳамчунин иштироки намояндагони воломақоми Сингапур дар ташкил ва гузарондани конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид доир ба  таҳлили дастовардҳои нимаи аввали Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт (2005-2015) ва вазифаҳои минбаъдаи он, ки моҳи июни соли равон дар шҳри Душанбе баргузор мегардад, ба манфиати ҳарду давлат маънидод гардид. Худи ҳамин рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур Ли  Хсин Лунг мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ намуд. Миёни ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид: Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур; Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур; Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур идома дорад. Хотиррасон бояд кард, ки баъди анҷоми ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Бруней Доруссалом хоҳад рафт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 31, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад